
ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иштирок дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навбунёд” ташриф оварданд.
Дар маҷлиси ҳисоботӣ раиси ташкилоти ибтидоии мазкур оид ба ҷанбасти фаъолияти нимсолаи ҳизбиёни ташкилот иттилоъ дода, Қаюмов Намозалӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.
Ҳамин тариқ ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар кори маҷлис мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ иштирок карда, дар назди иштирокчиёни маҷлис баромад намуданд.