БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ

ТЕМУРМАЛИК.  Бо иштироки Мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ишмуродов Ҳакимҷон  ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастор” вохӯрӣ баргузор намуданд.

      Ҳамзамон, намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва гирифтани се ё чор ҳосил, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

      Инчунин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисоботи шашмоҳаи худро ба таври муфассал барраси намуд, вобаста ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳама аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Сайдализода Фаррухро  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg