БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯ АЗ ОИЛА ИБТИДО МЕГИРАД

АНДЕША. Маълум, ки ташаккули њар љомеа аз оилаи солим ибтидо мегирад. Оилае, ки муносибати хуб ва њамдигарфањмиву баробарї дорад, метавонад насли солиму накўро тарбия намояд. Мегўянд: «Оилаи солим љомеаи солимро ба вуљуд меорад», - зеро асоси устувории љомеаро мањз оила ташкил медињад.

Равоншиносон низ аќидае доранд, ки тарбия њанўз аз батни модар оғоз мегардад. Модар бояд дар ин муддат ба хондани китобњои бадеиву тарбиявї машѓул шавад. Хуб-гуфториву муносибати хуб бо ањли оилаву њамсоягон модари мушфиќу ѓамхор буданро нишон медињад. Чї хулќу атворе, ки модар дорад, аксари њамон хулќу атворњо ба фарзанд таъсир мерасонанд ва ба кўдак мегузарад, махсусан дар давраи хомиладорї. Ин давраи бисёр нозук аст, ки як умр ба фарзандаш таъсиргузор мемонад.

Агар дар оила падару модар бо њам рафтори хуб надошта бошанд, кўдак аз онњо њамон кирдорро меомўзад. Маълум аст, ки рафтори зишти падару модар ба ў таъсир мерасонад ва кўдак аз волидайнаш зишткориву бадахлоќиро меомўзад. Баъзењо инро нодида мегиранд ва дар ин бобат мактабу муаллимонро гунањкор мењисобанд, ки наврасону љавононро таълиму тарбияи хуб намедињанд. Њамаи бори гаронро дар дўши мактаб вогузор менамоянд, њоло он ки бањри тарбияи фарзанд оила наќши асосиро мебозад.

Бояд ќайд намуд, ки Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имрўз њамаи волидайнро водор кард, ба тарбия ва баъд ба таълими фарзандон саъю кўшиш намоянд. Таълиму тарбияи кўдакону наврасон ва њатто, љавонон аз вазифањои муњими падарону модарон ба њисоб меравад.

Љомеаи имрўзаи мо таќозо мекунад, ки волидайн фарзанди худро хуб ба воя расонад ва дар таълиму тарбия заминаи хуб гузоранд. Њар як падару модар вазифадор аст, ки барои фарзандаш шароити созгор муњайё кунад, то насли ў дар оянда чун шахси баркамолу дидадаро ва мењанпараст дар љодањои зиндагї бирасад. Мутаассифона, имрўзњо шумораи ноболиѓони бадрафтору хиёнаткор меафзояд. Яке аз сабабњои ин зуњуроти нангин бемасъулияти падару модар мебошад. То ќабули ќонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» њама каммасъулият буданд. Ин ќонун падарону модаронро водор кард, ки дар тарбияи фарзандашон мустаќилона машѓул бошанд.

Камолиддинзода Ҷомӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg