БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТО ТАВОНӢ, ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН...

АНДЕША. Оре, дӯст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ роҳбалад аст. Дӯст касест, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон бояд дар ҳамаи мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатогиву нуқсонҳо бошанд.

Дӯст аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъ, дилгарм ва хонаободанд. Чун инсон зиндагӣ мекунад, кору фаъолият мебарад, ба чизе, ба касе, ба тарбияе, ба дилгармие ниёз дорад, хоса ба дӯст. Дӯст афзунии ҳар шодиву дармони ҳар дарду норасоиву нуқсони ҳаёти касро мекушояд, ҳамдард мегардад.

Дар урфият иборае ҳаст, ки дӯстон се навъанд. Забониву нониву ҷонӣ.
Дӯстон ҳақиқатан дар ҳамин се навъ буда метавонанд. Асоситаринашон дӯстони ҷонӣ онҳое, ки дар ҳамаи мавридҳо дар ғаму шодии кас ҳозиранд.
Ба ибораи шоир:

Дӯст машмор он ки дap неъмат занад,
Лофи ёриву бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳоливу дармондагӣ.

Аз касе пурсидаанд, ки дар зиндагӣ бародар хуб аст ё дӯст, ҷавоб дода: «Бародар хуб аст, агар дӯст бошад»
Аз ин суханон бармеояд, ки ҳатто бародарон низ душман буда метавонистаанд. Ин гуна бародароне, ки бо бародарони худ кинаву адоват доранду душманӣ меварзанд, албатта дар муҳити оилаи носолим ба воя расидаанд. Дар оилае, ки дӯстию рафоқат вуҷуд надорад, ягонагиву якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта наметавонад.
        Мардуми тоҷик ниҳоят мардуми меҳмоннавозу дӯстпарваранд ва дӯстонро бо тамоми мавҷудияташон дӯст медоранду мепарваранд. Ҳақиқат аст, ки саодату камолоти ҳар миллату давлат ва бахту иқболи баланди онҳо аз робитаи дӯстӣ пойдор мегардад.
Дӯсти ҳақиқӣ ҳамеша мекӯшад, ки ба шодии дӯсти худ боз шодие зам намояд, хотири болидаашро болидатар гардонад, танҳо ва танҳо манзили дӯсти худро ободу дили ӯро шод гардонад.

Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,
Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд.

Хулоса, дӯстӣ рамзи бузургест, ки софдилону бузургонро мепарварад. Дӯстӣ, ки ганҷи бебаҳост, бо озодагон роҳҳои бузурги боиффат гардидан, боифтихор будан, озода зистан ва аз душманон канора буданро мепарварад. Дӯстон ҳамдаму ҳамроз, ҳамқадаму мӯнису ғамхори одамони баландпарвозанд ва шахси бедӯст дарахти бешоху баргеро мемонад, ки зинатеро соҳиб буда наметавонад.
Пас, биёед, азизон, мекӯшем пайи ҷамъоварии дӯстони ҷонӣ, ки лаззатгарои ҳар калому равшанидиҳандаи хонадону илҳомоварандаи имону ҷонамон бошанд.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg