
ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Восеободи калон" (МТМУ №64)-и ҷамоати деҳоти Абди Авазови ноҳия маҷлиси хисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоии хизбӣ Каримов Қувваталӣ оиди фаьолияти ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дод. Сипас бо таклифу пешниҳоди иштирокдорони маҷлис Каримов Қувваталӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.
Ҳамзамон мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар оиди тақвият бахшидани ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ, дуруст нигоҳдории шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва сари вакт супоридани ҳаққи аъзогӣ ёдрас гардида, ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар ободиву зебогии диёр ва фаъолона иштирок намудан дар аксияҳои ҳизбӣ ҳидоят намуд.