БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТ ХУБ АРЗЁБӢ ГАРДИД

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи шаҳр” маҷлиси ҳисоботӣ –интихоботии ташкилоти ибтидоӣ доир гардид. Дар маҷлиси мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Н., аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд. Дар аввал раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдураҳимов Ш. оид  ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, таъкид дошт, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси Оиннома, Барнома ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ ба роҳ монда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ талошҳо намудаанд. Дар идома масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва раёсати  ташкилоти ибтидоӣ муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охири маҷлис муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Н. ба сухан баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро хуб арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ аъзои ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи шаҳр” фаъолияташонро бо ҳамин маром идома дода, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg