БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗИШНОМАИ СУЛҲ- ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Ваҳдат ягона вожаест, ки дар умқи он таърихи хизматҳои марди ватандӯсту ватанпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуҳуфтааст. Ҳамон меҳр, ҳамон муҳаббат, ки ба тамоми мардуми тоҷик маънои сарҷамъиро фаҳмонд. Ҳамон вожае, ки бо ба забон оварданаш комамон шаҳдбор мегардад. Ҳамон вожае, ки мардумро аз ноумедӣ ба хушбахтӣ расонид. Ҳамон вожае, ки нури ҳақро дар симои Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳчанд пурҷило намуд, ҳамон вожае, ки чароғи маърифатро дар дили насли наврас фурузон набуд, ҳамон вожае, ки дари ҷаҳолатро абадан бубасту дари илму маърифатро ба рӯи тоҷикону тоҷикзабонон боз намуд. Ваҳдат ҳамон вожаест, ки сари тоҷикро дар симои садри муаззамамон дар ҷаҳон баланд намуд.

Ба ин мазмун метавон вожаи Ваҳдатро ба беҳтарин ифодаҳо шаклу тасвир бахшид.

Оромию осудагии халқ шаҳодат аз мазмунҳои болост.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик танҳо сулҳу Ваҳдат наовард, дар баробари ин заҳмату хизмати падаронааш кӯшиш намуд, бо дарки воло ва зиракии сиёсатмандонаи худ мафҳуми Ваҳдатро дар қалбу ният ва вуҷуди ҳар як фарди боору ватандӯст ҷой намояд. Яъне Пешвои мо чунон дурандешона  амал намуданд, ки мардумро дар гирди сиёсати ватанпарваронаи хеш сарҷамъ намуданд. Хизматҳояшро ҷаҳон эътироф намуд ва бо ҷон пазируфт.

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик бо ягона меваи тақдири Тоҷикистон - сулҳу Ваҳдат таъминанд ва ин вожаҳои оламгир пояндози роҳи ҳаёташон гардидааст.

Пас моро мебояд бо ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳилаву найранги душманони миллат фирефта нагардида, барои ҳифзу нигоҳубини сулҳу Ваҳдати хеш ҳамаше дар сафи Пешво муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.

Мафҳуми ваҳдатро, ки ахиран ба ояндаи дурахшони ҳаёту зиндагиамон хатм мешавад, бо амалҳои шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Мардум дарк намуданд, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳуҷҷати тақдирсози давлату миллат аст.

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Малоҳат Толибова

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg