БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИЮ ОСОИШТАГИИ ВАТАН АЗ ВАҲДАТ САРЧАШМА МЕГИРАД

АНДЕША.  Ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст.

         Таҷриба ва амалияи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.

       Зеро ҳаллу фасли низоъҳои миллӣ ва дохилидавлатии минтақаҳои гуногун шуда метавонад. «Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфӯз, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид».

       Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки танхо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошанд. Агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими Истиқлолу Ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузошта, дар атрофи давлат муттаҳид шавем, он гоҳ чун миллати ягона бо асолату фарҳанг ва симои хоси худ миёни давлатҳои мутамаддину мутараққии ҷаҳон мавқеи сазоворро пайдо хоҳем кард.

    Иди Ваҳдати миллӣ барои наслҳои ҷавон нишон медиҳад, ки бар ивази чи қадар азобу ранҷ дар кишвар сулҳу суббот барқарор гардид ва минбаъд барои устувор нигоҳ доштани он пайваста бояд талош намуд.

       Таҷрибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддӣ рӯй овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастааст.

      Ҷашни мазкурро ба хотири он иди Ваҳдати миллӣ ном ниҳоданд, ки он аз иттиҳоди мардуми тоҷик, аз сарҷамъии тамоми сокинони мамлакат  дарак медиҳад.

Қурбонгул  Раҷабзода, мудири шуъбаи  кор бо занони КИ ҲХДТ  дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg