БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ МАҶЛИСЊОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ШАМСИДДИН ШОҲИН. Дар муассисаи томактабии ноҳия бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва кормандону аъзои муассисаи мазкур маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии чамъбасти шашмоҳаи ташкилоти ибтидоии «Кӯдакистон» доир гардид.

Хоҷааълоева Ғарибмоҳ раиси ташкилоти мазкур ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти мазкур дар зарфи шаш моҳи ҳисоботӣ дар назди иштирокдоштагон ибрози андеша намуд.

Неъматов Абдуҷаббор корманди масъули Кумитаи ичроияи ноҳиявии ҳизб ба сухан баромада, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуда, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва масъалаҳои рӯзмарра ибрози назар намуданд.

Инчунин мавсуф зимни баргузории мачлис номзадии Хоҷааълоева Ғарибмоҳро ба ҳайси раиси ташкилоти ҳизбӣ пешбарӣ намуда, бо дастгирии аксарияти аъзо аз нав  раиси  ташкилоти ҳизбӣ Хоҷааълоева Ғарибмоҳро  таъин намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg