АНДЕША. Дар баробари соњибистиќлолии кишвар муњимтарин дастоварде, ки бояд њар як њамватан ба ќадри он расад, ин вањдати миллист. Зеро бе сулњу рафоќат тараќќиёту пешрафт ва рушду инкишофи соњањои мухталифи хољагии халќ тасаввур нокарданист. Њамаи дастовардњо, серию пурии дастурхони мо њама аз оромию осўдагии Ватан ва њамдилию њамбастагии сокинон тавъам аст.
Барои расидан ба ин рўзњои босаодат чї ќадар зањмату талош шабзиндадорию љасорат лозим буд, ки метавон онро дар мизони аќл ва эътимоду боварї ба фарзандони сарсупурдаи ин марзу бум, ки барои расидан ба ин њадафи олї зањмат кашидаанд, баркашид.
Рўзњое буд, ки касе аз хона бе ташвиш баромада наметавонист. Бо вуљуди танќисї аз маводи аввалияи ѓизої таъмини амнияти сокинон мавзўи раќами як дар љомеа мањсуб меёфт. Кас умед ба оянда надошт ва пайи гиру дори зиндагї њамеша дар такопую аз љињати равонї мардум хеле озурдахотир кору зиндагї мекард.
Бузургтарин дастоварде, ки миллат дар баробари соњибистиќлолї ба он мушарраф гардид, ин таъмини амнияти сартосарї, сулњу суботи комил ва барќарор гардидани сохтори конститутсионї дар мамлакат буд. Албатта наќши Њукумати имрӯзаи кишвар, хосатан Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмонро барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар нодида гирифтан, аз назари сиёсию мантиќї номумкин аст. Мањз шабзиндадорию зањмат ва сари мизи гуфтушунид нишастуну гузаштњои сиёсї намудан боиси ба њам омадани тамоми мардуми кишвар шуданд.
Њар ваќте ки сухан аз вањдату давлатсозї меравад, пеши назар суханњои таърихии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон љилвагар мегарданд, ки дар он рўзњои њассос ироа дошта буданд: «Ман ба Тољикистон сулњ меорам ё дар ин роњ ќурбон мешавам!»
Хушбахтона азми ќавї ва иродаи матини сиёсии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон хашми ќумандонсолориро дар манотиќи гуногуни кишвар барњам зад. Аз иродаи сиёсии Роњбари давлат тамоми гурўњњои даргир масъулияти ватансозию давлатсозиро дар якдилию якдигарфањмї ва бахшоиши гуноњи якдигар дарёфтанд.
Мутаассифона, буданд ашхос ва гурўњњои иртиљоии радикалие, ки барои расидан ба сулњу дўстї монеа эљод мекарданд. Намехостанд, ки дар мамлакат оромию осудагї барќарор ва низоми ќонунгузорї таќвият ёбад. Вале љањду талошњои Роњбарияти олии сиёсии мамлакат ва умеду орзуњои аксари мардум бобати расидан ба њамдилии якдигар рўз аз рўз мавќеи љангљўёнро дар љомеа танг месохт. Гурўњњое, ки бар муќобили давлат ва сиёсати имрўзаи Њукумати Љумњурии Тољикистон баромаданд, бо назардошти таќвияти низоми давлатдорию ќудратмандии ќонун хунсо гардида, иддаи дигар ба љавобгарї љиної кашида шуданд.
Имрўз муњити кору зиндагии њар як хонадони тољик ва тамоми мардуми кишвар бо шарофати сулњу вањдат ва якдилию њамраъйї орому осуда ва кишвари мањбубамон дар доираи ин падидаи гуворои таърихї рўз аз рўз ободу зебо гардида истодааст.
Мутаассифона, њоло њам њастанд нерӯњои иртиљої, ки ба њамдилию њамраъйи сокинони кишварамон назари нек надошта, бо роњи тавтеаю ифрот ва истифода аз роњњои муосири таблиѓотӣ-иттилоотї мехоњанд давлату мардумро ба гирдоби љангу хушунат ва якдигарбадбинї тањрик дињанд. Дар ин масир роњу усулњои муборизаи ин тоифа асолатбохтањо бо истифода аз эътиќоди динию мазњабї шакл гирифта, бештар мекўшанд, ки љавонони соддаю ноогоњро ба бозињои пасипардагию манфиатљўёнаи фардию гурўњї љалб созанд.
Хушбахтии насли љавони имрўз дар он аст, ки доир ба аъмоли ѓаразноки гурўњњои манфиатдор бо назардошти љањонбинии васеи сиёсї эњсоси тањлили амиќ ва андешаи бузурги ободкорию бунёдгарої доранд. Аниќтар, кишвари мо солњои аввали соњибистиќлолї дар доираи бозињои сиёсии тарафњои манфиатдор љанги шањрвандиро пушти сар сохт ва њељ инсони соњибтафаккур хостгори баргаштан ба он рўзњои сиёњу дањшатбор нест.
Бо пуштибонї аз сиёсати давлат ва Њукумати кишвар ва татбиќи амалии дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон месазад, ки ба ќадри сулњу дустї, њамдилию њамраъйи мардум расем. Нагузорем, ки нахли меваи ширину шањдоби нињоли вањдати миллат газанде ёбад.
Бо њамин ниятњои нек ва амалисозии ормонњои миллї зери ливои сулњу вањдат њамагон зањмат кашида, барои фарзандону насли ояндаи миллат бо такя бо арзишњои бузурги ниёгонамон дар раванди давлатдорию ватансозї ањлона сањм хоњем гузошт!
Муњимтар барои мардуми бумї сулњу амният аст, ки имрўз хушбахтона дар сар то сари кишвар танинандоз аст. Дигар мушкилоти љузъии љойдошта дар доираи тадбирњои мушаххаси давлат ва Њукумати кишвар давра ба давра њалли мусбии худро меёбанд.
Ба ќадри Вањдати миллї расидан назди њар як хурду бузурги кишвар масъулияти бузургї давлатдорист ва онро посу њифозат сохтан низ љавоби сахту миёншиканест дар муќобили андешаи каљназарони давлату миллат.
Бовар дорем, ки љомеаи мо дар доираи таблиѓи андешаю аќидаи солими сиёсї аз ин дида ободтар гардида, њамчун мамлакати вањдатсарою сулњофар њамаљониба рушд ёфта, сатњу сифати зиндагии сокинон дар натиљаи мењнати ањлона аз ин дида бењтару хубтар мегардад.
Назарзода Толибҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин