
ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №8” ташриф оварда, дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ иштирок намуданд.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур оид ба фаъолияти шашмоҳаи ҳизбиёни ташкилот шунида шуда, Бобоев Ҳасан раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.
Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.