НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оина” вохӯрӣ бо иштироки аъзои фаъоли ҳизб аз ташкилоти номбурда баргузор гардид.
Сараввал зимни баргузории вохӯрии ҳисоботӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оина” шунида шуд.
Ҳамзамон тибқи тартиби муқарраргардидаи Оинномаи ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оина” Ҷуразода Субҳон аз нав интихоб гардид.
Баъди интихоб гардидани раиси ташкилоти ибтидоӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳгузор бошад.