
НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” вохӯрӣ бо иштироки аъзои фаъоли ҳизб аз ташкилоти номбурда баргузор гардид.
Сараввал зимни баргузории вохӯрии ҳисоботии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” шунида шуд.
Ҳамзамон тибқи тартиби муқарраргардидаи Оинномаи ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” Раҳимзода Суҳроб аз нав интихоб гардид.
Баъди интихоб гардидани раиси ташкилоти ибтидоӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳгузор бошад.