БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҲАМЕША ПОСДОРИ ВАҲДАТЕМ

АНДЕША.  Ваҳдат омили муҳимтарини мавҷудияти ҳаёт буда, рушди таковули ҳама ҷамбаҳои ҳаёти имрӯзу фардои Ватани азизамон аз он маншаъ мегирад.

Ваҳдати миллӣ дар байни ҷашнҳои дигар мақоми хосса дорад, зеро мо бо ин рӯзи неки пурсаодат бар ивази талафотҳои бузурги моддию маънавӣ  ва ҷонӣ расидаем. 27 – уми ини соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Ин сулҳ, сулҳе буд, ки Ваҳдати миллиро эҳё кард ва ваҳдати миллӣ мардуми парешону пароканда ва сарсону саргардонро ба ҳам овард. Якпорчагии Тоҷикистони азизро таъмин намуд.

Ваҳдати миллӣ тавонист теша ба решаи кинаву адоват, рашку хусумат, бадбиниву  бадандешӣ занад. Маҳз, Ваҳдат метавонад, омили сарҷамъии миллат, тинҷию оромӣ ва фазои озоду созандаро муҳайё созад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ҷаҳду талошҳои зиёде намуда, борҳо ҷони худро ба каф гирифта, сафарҳои муҳимро ба анҷом расониданд.

Мо ба кору пайкори Сарвари давлатамон ифтихор менамоем ва шукргузорӣ мекунем, ки бо роҳнамоиҳои роҳбари оқилу хирадманд ба чунин рӯзҳои неку файзбахш расидем. Дар яке аз баромадҳояшон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд:"Ман қасам ёд мекунам,ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул гул шукуфии Ватани азизам садоқадмандона меҳнат мекунам.Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи дурахшони Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам".

Дар ҳақиқат, ин абармарди сиёсатмадор аз Тоҷикистони парокандаву ғарқи дар хун як Тоҷикистони навину биҳиштосо офаридан. Имрӯз Тоҷикистони мо ҳамчун давлати пойдори сулҳу Ваҳдат, сулҳфаро ва ваҳдатобод шинохта шуда, машҳури олам гардидааст.

Ваҳдати миллӣ, созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон сабақи кишварҳои ҷаҳон гаштааст. Имрӯз кишварҳои даргир ва ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро омӯхта, онро пайравӣ мекунанд. Айни замон дар остонаи 24 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Мо ҷавонон, неруи ояндасози давлату миллат, пайрави Пешвои миллатамон буда, садоқатмандона хизмати Ватан мекунем. Мо бояд ин Ваҳдати саодатофарро холисона ва софдилона ҳифз карда, бо якдигарфаҳмию тифоқӣ ақлу заковати баланд ватанамонро аз пештараҳо ободу зебо гардонем.    

Шомалангова М.С., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён                                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg