
АНДЕША. Фирдавсии бузургвор дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш оид ба шоҳи одил Нўшервон ва вазири хирадманди ў Бузургмеҳр маълумот дода, дар абёти равоне мазмуни зеринро дарҷ кардааст: «Дарахте, ки дар ҷаҳон пойдор аст ва ҳосили он ҳамаро нофеъ бувад, дарахти хирад аст. Нахустин меваи ин дарахт дили инсон аст, ки шахсро ба олами нузҳату накўӣ ва бунёдкориву созандагӣ ҳидоят мекунад. Инсони хирадманд ба халқ хидмат карданро рисолати худ медонад, ки ин арзиши олӣ ва беҳамтост».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихие ҳастанд, ки барҳақ, дил ва шуурашон мамлўъ аз хирад аст. Хирадмандӣ, такя ба нерўи тавонои халқ, шуҷоату далерӣ, олиҳиммативу баландназарӣ ва дар айни замон фурўтанию хоксории ин фарзанди номдори халқ миллати соҳибдилеро ба худаш шиносонд ва Тоҷикистони моро ҳамчун давлати қудратманду сулҳпарвар ба аҳли олам муаррифӣ кард.
Аввалин даъват дар нахустин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати миллӣ дошт. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонистанд, ки дар дили ҳазорҳо ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшанд. Бо фарҳанги миллӣ давлат бунёд карданд, сулҳ офариданд, ваҳдати миллатро таъмин карданд ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик нерӯву тавони дубора бахшиданд.
Кӯшода шудани гузаргоҳҳо миёни ду давлати дӯсту бародар, барқарор гардидани ҳамкориҳои стратегӣ ва аз ҳама муҳим рафту омади мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон нишонаи олӣ ва ҳамкориҳои судманд дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ аст, зеро ки ҳамсоягии тоҷику ӯзбек амри тақдир буда, таърихи чанд асра дорад.
Дар ноҳияи Ёвон момаи Мамлакатро бо лақаби «Ургатӣ» мешиносанд. Момаи Мамлакат соли 1969 ҳамроҳи падару модараш аз ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд ба шаҳри Турсунзода кӯч мебанданд. Падараш Эшбой бо момаи Хатича солиёни зиёд зиндагонӣ мекунанд. Соли 1990 бобои Эшбой боз бо аҳли оилааш ба зодгоҳашон ноҳияи Ургут бармегарданд. Момаи Мамлакат, баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Турсунзода соли 1962 ба факултаи Аграномии Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дохил шуда, донишгоҳро соли1968 хатм мекунад. Момаи Мамлакат бо Ҳайдар ном ҷавони ёвонӣ шиносоӣ пайдо намуда, соли 1974 бо ҳам оила бунёд намуда, дар зиндагонии якҷоя соҳиби нуҳ нафар фарзанд гардидаанд. Момаи Мамлакат умри бобаракати хешро ҳамчун як фарди Тоҷикистон дар ободонию созандагии ин сарзамин собит намудааст. Ӯ ҳамчун зан паси чамбараки мошини пахтачинӣ нишаста, қатори мардон меҳнат кардааст. Хизматҳои момаи Мамлакатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта ӯро бо «Ордени меҳнат» қадрдонӣ намудаант.
Момаи Мамлакат дар вазифаҳои агрономи савхози ангурпарварии Дӯстӣ ва бригадири савхози -1 фаъолият намудааст. Инчунин, ӯ ҳамчун як соҳибкори муваффақ дар бозори ноҳия аз соли 1993 ба соҳибкорӣ машғул мебошад. Солҳои 1993 ҳар мард ба мисли момаи Мамлакат xасорати ба соҳибкорӣ машғул шудан ва аз вилояти Суӯд ва Узбекистону Туркманистон ва Қирғизистон ворид намудани молҳои ниёзи мардумро надошт. Момаи Мамлакат худ симои зан дошт, лек дар тинаташ ҷасорату матонат ва шуҷоати мардонагӣ таxассум ёфта аст. Ӯ то ҳол дар бозори марказии ноҳия ҳамроҳи фарзандонаш ба соҳибкорӣ машғул мебошад. Момаи Мамлакат ҳама фарзандонро соҳиби маълумот ва касбу кор гардонидааст. Имрӯз ӯ барои фарзандон ҳам падар ва ҳам модар аст, чун соли 2008 қиблагоҳи оила Тағоев Ҳайдар бо амри тақдир аз дунё чашм пушид.
Кушода шудани гузаргоҳҳои мазкур бештар аз ҳама момаи Мамлакатро хушҳол намудааст, чун метавонад боқимондаи умри худро барои аёдати хешу ақрабои худ сарф намояд. Вақте, ки соли 2017 модари Мамлакат момаи Хатича Худайназарова аз олам чашм пӯшид, ӯ ба ҷанозаи модараш рафта наметавонист, чун давоми 20 рӯз барои дуруст шудани ҳуҷҷатҳояш даводав кард. Ӯ то ҳол дар зиндагӣ ормонӣ аст, ки рӯйи модарро дар лаҳзаҳои охирин надидааст. Ин дард барои момаи Мамлакат як алам дар дилаш гашта аст. Ҳангоми суҳбат момаи Мамлакат иброз дошт, ки чанде қабрл дар деҳаи Ургути Ҷумҳурии Узбекистон маросими ҷанозаи як хеши наздикаш баргузор гардид, ки бе ягон мушкилӣ рафт ва дар маросими видоъ иштирок кард.
Дар воқеъ халқҳои мо, новобаста аз мушкилоти зиёд ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд.
Тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд.
Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошанд.
Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва дар оянда барои расидан ба сатҳи сифатан нави онҳо, яъне шарикии стратегӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.
Миёни мардуми тоҷику ӯзбек мақоле ҳаст, ки «ҳамсояро интихоб намекунанд». Халқи мо ҳамсояи некро чун атои Худованд қабул доранд .
Боқӣ зинда бод дӯстии байни ду миллат ва як халқ!
Саёҳат Абдуллоева-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон