
ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия шоҳроҳи байни деҳаҳои "Бадахшон" ва "М Ҳотам"-и ноҳия шанбегӣ доир карда шуд.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои "Бадахшон" ва "М Ҳотам" фаъолона иштирок намуда, алафҳои бегона ва хушкидаи шафати роҳро тоза карданд ва дар ободии маҳали худ саҳм гузоштанд.