
ҲАМАДОНӢ: Дар “Маркази бемориҳои тропики”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ғафуров Сафар оиди фаъолияти худ дар назди ҷамъомадагон ҳисобот дод. Иштирокдорони маҷлис якдилона Ғафуров Сафарро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб намуданд.
Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳия Г. Сайдалиев оиди ба тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, дуруст нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ ва супоридани ҳаққи аъзогӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.