
ФАРХОР. Тибқи нақшаи тасдиқшуда дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳамаи масълаҳои дар рӯзномабуда, мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Ҳамзамон менеҷери КАТС-и ноҳия Бобоев Зулқамар бори дигар раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.
Дар кори маҷлис мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Тағайзода Рустам иштирок намуда, дар назди ҳозирин баромад намуданд.