БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УЗВИ ҲХДТ БУДАН ШАРАФ АСТ!

ФАРХОР. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оид ба баланд бардоштани масъулияти аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” тӯли ду рӯз шаҳодатномаҳои ҳизбии аъзои ин ташкилотро аз назар гузарониданд.

Дар натиҷаи санҷиши шаҳодатномаҳои ҳизбӣ маълум гашт, ки ҳамаи 592 нафар аъзои ташкилот шаҳодатномаҳои ҳизбӣ доранд ва дар қисман аз шаҳодатномаҳо камбудиҳо дида мешаванд.

Ҳамчунин, аз ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ дидан намуданд. Ҳаракати аъзои ҳизби ташкилоти мазкур муътадил буда, ҳар моҳ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳисоботҳои оморӣ пешниҳод менамоянд.

Дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ бошад каму беш камбудиҳо ҷой доранд, ки оиди бартараф намудани онҳо ба роҳбари ташкилот дастур дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg