БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО АЗ КӮДАКОН УМЕДИ КАЛОН ДОРЕМ!

АНДЕША.  Ҳамасола  оғози тобистон  1 – июн дар  саросари  олам Рӯзи  байналмилалии ҳифзи кӯдаконро гиромӣ доштанд, ки  ин аз ҷашнҳоест, ки  расман  мақоми  байналмилалиро  касб намуда, дар кишвари мо бо як шӯкуҳу шаҳомати тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи ҳифзи кӯдакон  соли 1925,  дар  Конфронси умумиҷаҳонӣ, ки дар Женева ба хотири беҳбудии зиндагии  қишри хурдсоли кураи Замин  бахшида  шуда буд, таъсис ёфт ва  ҳамон вақт 1 – июн ҳамчун ид муқаррар  гардид. Соли 1950 якумин бор рӯзи ҳифзи  кӯдаконро дар 51 – мамлакати  ҷаҳон таҷлил карданд.

Ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт  ва саломатии кӯдакон яке аз самтҳои  аввалиндараҷа мебошад. Тавре аз моддаи 34 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бармеояд, модару кӯдак таҳти  ҳимоя ва ғамхории  махсуси давлатанд, ки  барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамоянд. Нисбати кӯдакону наврасон дар  тамоми олам иқдомҳои хайрхоҳона ва беҳтар гардидани  ҳаёти  кӯдакон таваҷҷуҳи хоса доштанд.

Табиатан,  ҳар як кӯдак ба таври  қонунӣ ҳуқуқи хушбахт будан дорад ва ин ҳуқуқ барои ҳамаи кӯдакон  ягона мебошад. Зарур аст, ки  ҳар як шахс ба кӯдаки худ бояд нишон диҳад, ки  ӯро волидонаш ниҳоят дӯст медоранд ва муҳимтар он аст, ки ба кӯдак фаҳмонида шавад, ки  на ҳамаи бачагон зиндагии хушбахтона доранд ва бояд онҳо якҷоя дар иқдомҳои хайрхоҳона  иштирок намоянд, ба хонаи  бачагон либос, китобҳо ва бозичаҳо  тақдим намоянд.  Кӯдакон ба мо умеди  калон дошта,  комилан  ва пурра ба мо  боварӣ доранд,  онҳо ба мо ниёз дошта,  ба мо зиндагии орому  осударо барои худ сохта наметавонад. Бинобар ин орзуҳои бачагонаи кӯдаконро муҳайё созем ва хушбахтии онҳоро  беҳтар намуда, то  ин ки бештар хушбахту азизи мо бошанд. Дар саросари олам ҳамчун Рӯзи  байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Соли 1989 Созмони Милали  Муттаҳид  ҳуҷҷати аз ҳама муҳими  байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои  кӯдак – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои  кӯдакро  қабул намуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин Конвенсия мавриди амал қарор дорад ва корҳои зиёде дар ин самт  амалӣ гашта,  аз ҷумла  Лоиҳаи  “Хизматрасониҳои маҷмӯи барои модар ва кӯдаки назди  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи  сиҳатии кӯдаконро дар мадди аввал  қарор дода, дар ин рӯзи фархунда  ҳамаи кӯдакони ҷаҳонро бо Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи  кӯдакон табрику таҳният  гуфта,  ба ҳамаашон осмони софу беғубор, хушбахтӣ ва саломатӣ хоҳонем.

Воҳид  Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg