
ДӮСТӢ. Дар идомаи амалиёти "Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман" масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ин навбат бо раис ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази санитарию эпидимиологӣ" вохӯрӣ доир карда, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи узвият ва мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ суханронӣ карда, барои ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ тавсияҳо доданд .