БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АСОСИ ЗИНДАГИИ ҲАМАИ МАВҶУДОТИ ОЛАМ ОБ АСТ

ВОСЕЪ. Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами зинда об аст, пас мо вазифадорем, ки ин манбаи ҳаётро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳандаи созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем ва тозаву озода нигоҳ дорем.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ корҳои сохтмонӣ ва кандани чоҳҳои амудӣ ҷараён дорад. Дар ин самт ҳатто аз ҷониби шарикони рушд аллакай  зиёда аз 30 километр қубурҳои обкашӣ канда шуда, дар деҳаҳои Чорводорон, Ҷаврез, Ҷавонӣ ва дигар деҳаҳо хатҳои оби нӯшокӣ кашида шудааст. 

Тасмим аст, тибқи лоиҳаи банақшагирифташуда дар ноҳияи Восеъ ҳудуди 55 деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg