БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ!

АНДЕША. Баъд аз пош хӯрдани иттиҳоди Шӯравӣ кулли ҷумҳуриҳои тобеи он соҳибистиқлол гардиданд,аз ҷумла Тоҷикистон низ. 30 сол мукаддам арзишмандтарин таҳаввулоти таърихии сарнавиштсози миллати тоҷик ба вуқуъ пайваст ва дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот "Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Вале баробари соҳибистиқлол гардидан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки тавре баъдтар маълум шуд он нақшаи солҳо боз тарҳрезишудаи экстремистони зархариди тоҷик будааст. Онҳо ба дуздиву ғоратгарӣ, одамрабоиву қатл, оташ задани биноҳову манзилҳои истиқоматӣ ва гаравгонгирии шаҳрвандон даст заданд. Хушбахтона иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ соли 1992 тақдирсоз омад ва ба бахти миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмони бонангу баномус ва ватандӯстӣ асил ҷони хешро ба каф монда Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги шахрванди бо рохи сулху салох баровард. Эмомалӣ Рахмон дар ин давраи барои Ватану миллат сарнавиштсоз, ки хатари нестшавии миллат пеш омада буд ба азми хеш устувор монда дар кишвари ҷангзадаамон сулҳу ваҳдатро пойдор намуданд. Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз ҷавониаш халқи парешонгаштаро ба Ватан баргардонду мардумро дар атрофаш муттаҳид кард, дар замири халқ шӯълаи умедро бедор сохт,  бо қадамҳои устувор ба сулҳу осоиш ва суботи минбаъдаи Тоҷикистон роҳнамо гардид. 2-юми марти соли 1992 Тоҷикистон узви Созмони Миллали Муттаҳид гардида, парчами давлатии мо дар саҳни бинои ин ташкилот барафрохта шуд. Соли 1993 Сарвари давлати тоҷикон бори нахуст аз минбари ин ташкилоти бонуфузтарини дунё суханронӣ намуд. Соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистонро 128 кишвари олам ба расмият шинохт ва 98 давлат бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда,  44 давлат фаъолияти сафирони муқим ва ғайримуқимии худро дар Тоҷикистон ба роҳ монданд.Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ҳамкории сиёсати хориҷии хешро собитқадамона мутобиқи манфиатҳои худ ва амнияту бехатарии ҷаҳон пеш бурда, то кунун дар пешрафти ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта истодааст. Бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон дар барқарор кардани сулҳу ваҳдат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мақоми "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" арзанда дониста шуд. Истиқлолият дар бунёди давлати навини тоҷикон чун рамзи асолату ҳуввият, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳамчун шиносномаи воқеии Тоҷикистон кулли кишварҳо ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайваст намудани мамлакат заминагузори асосӣ ба шумор меравад. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ дорад. Дар даврони соҳибистиқлоли бунёди роҳҳои азиму ҳамвор ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалӣ, бунёду азнавсозии ҳазорҳо муассисаҳои томактабиву таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ, сохтмони биноҳои баландошёна дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат, мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқӣ -обӣ, сохтмони садҳо коллеҷу литсей ва Донишгоҳу Донишкадаҳо дар кишвар гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Дар муддати 30- соли соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ се ҳадафи стратегӣ-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ,  истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ амалӣ гардид ва мо халқи тоҷик бо роҳнамоии Пешвоямон ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар даст задаем ва дар наздиктарин фурсат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаи саноативу аграрӣ табдил хоҳад ёфт. Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, "Маорифро омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат" хондааст. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Илм фурӯғи маърифат" иқдомҳои созандаи Президенти мамлакат мебошанд. Истиқлолият барои тоҷикон шароит ва имконотеро фароҳам овард, ки моҳияти фарҳангии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷавони тануманди 30- солаеро мемонад, ки нав ба камолот расида истодаасту сол то сол пешравӣ карда, рушд менамояд ва дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ азмаш қавиву устувор аст. Мо бояд фаромӯш насозем, ки маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ин неъмати бебаҳо ҳифз шудааст, аз ин рӯ ҳар як фарди меҳанпарасту ватандӯст ба қадри ин падидаи нодир бояд расад ва онро ҷун гавҳараки чашм хифз намояд.

Назарзода Анзурат Хайрулло, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg