БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОҒОЗИ СОХТМОНИ ЧОР СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Дар муассисаи таълимие, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти шаҳр, дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти Ваҳдат воқеъ гардидааст, чор синфхонаи нав мавриди оғоз қарор гирифт.

Ин синфхонаҳои навбунёд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  ва бо кумаки аъзои фаъоли ҳизб, шахсони саховатманди деҳаи Зағертут, бунёд ёфта истодааст.

Дар ин рӯз мудири бахши маорифи шаҳр Ашуров Ниёзалӣ, раиси ташкилоти ибтидои ҳизбии деҳаи Зағертут Боев Раҷабмурод, омӯзгорон, кормандони техникии муассиса ва аҳолии маҳал тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона корҳои сохтмониро вусъат бахшиданд. Ва азм доранд, ки то оғози соли нави хониш синфхонаҳои иловагиро пурра сохта рангу бор намуда, ба истифода диҳанд.

Албатта, бунёди ин синфхонаҳои иловагӣ туҳфаи хубе ба ҷашни бузурги миллӣ- сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагону омӯзгорони муассиса мебошад, ки барои синфҳои ибтидоӣ дар назар дошта шудааст.

Дар сохтмони синфхонаҳо сокинони деҳаи Ваҳдат, махсусан омӯзгорони мактаб, саҳми калон гузошта истодаанд. Пойдевори синфхонаҳо,аз ҷониби онҳо бо роҳи ҳашар оғоз гардида, корҳо дар ин самт идома доранд. Акнун хонандагони ин деҳаи дурдаст имкон пайдо менамоянд, ки дар оянда дар синфхонаҳои наву замонавӣ таҳсил намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg