БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ АЗ НАВ ИНТИХОБ ГАРДИД

ВОСЕЪ. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар доираи Амалиёти ҳизбии “Шаҳодатномаи ҳизбӣ - ифтихори ман!” кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Литсейи давлатии №1”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти Амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман!” масъулини Кумитаи иҷроияи вобаста ба тақвият бахшидани корҳои ҳизбӣ, саривақт супоридани аъзоҳаққӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ барои ҳар як аъзои ҳизб ибрози андеша намуданд.

Дар вохӯрии баргузоршуда мудири маорифи ноҳия М.Орипов иштирок намуда, оид ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва пешгирии шомилшавии онҳо аз ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ суханронӣ намуд.

Дар охир Шералиев Илҳом яке аз омӯзгорони ботаҷрибаи ташкилоти ибтидоии номбурда бо гирифтани овозҳо аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Литсейи давлатии №1” интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg