БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО АЛЛАКАЙ УСТУВОРЕМ!

ВОКУНИШ. Бале, мо ҷавонони даврони  истиқлолият бо боварии том гуфта метавонем, ки  Мо устуворем. Мо устувор ба насиҳатҳои падарони хеш ҳастем. Чунки онҳо дидаанд он давронеро, ки бародар аз тиру туфанги бародар кушта мешуд. Он давроне, ки барои ними нон шуда падарони мо дар навбат меистоданд то, ки мо аз гуруснагӣ ҳалок нагардем.

Он рӯзҳоро мо дар ёд надорем он рӯзҳоро падарони мо ба мо ҳамчун  дарси ибрат  омӯзонидаанд то, ки чизеро онҳо дидаанд мо такрор накунем. Мо зи таҷрибаи рӯзгори дигарон баҳра гирифтаем. Пас мо на ба мисли он ҷавононе ҳастем, ки дар он солҳо фирефта шудаанд, мо фирефтаи ин ду авомфиреб намегардем ба ҳазён гуфтани онҳо гӯш ҳам намедиҳем ва дар фикри гуфтаҳои онҳо ҳам нестем. Мо аз дур касеро иғво намеандозем,  касеро ба касе  сиёҳ намекунем, балки дар Ватани  зебои худ хушнуду хушрӯз  кору фаъолият мекунем ва бо шукргузорӣ аз якдилию муттаҳидии Тоҷикистони биҳиштосо ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат кору пайкор намуда, он кӯрдилону нотавонбинони миллатро намегузорем санги маломат бар сӯи ин миллати осоишта зананд.

Шоев Талабшо, мутахасиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод                                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg