БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СӮИ ФАРДОИ БОСАОДАТ!

ҶАЙҲУН. Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор гардид.

Дар ин ҷамъомади бошукӯҳ зиёда аз  ҳазор нафар сокинон бо шумули кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, идораву муассисаҳо ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуда, бо парчамҳои хурду бузург, аксҳои Пешвои миллат аз назди Маркази саломатӣ то даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии Ҷайҳун ба масофаи 400 метр роҳро тай намуданд.  

Ҳозирин таҳти шиорҳои «Пайравони Пешвои миллатем!» ва «Бо Пешвои миллат ба сӯи фардои босаодат!» "Пешвои миллат - рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон", "Ваҳдату истиқлолият парчами пирӯзиҳои мост", "Пешвои мо- ифтихори мост!" шеърҳо қироат намуданд. Овозхонону мутрибони дастаҳои ҳунарии ин ноҳия табъи ҳозиринро бо суруду оҳангҳои дилнишин шод гардониданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg