БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТАНД

АНДЕША. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пешбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.          

Бояд қайд кард, ки ҳоло ҷавонон ҳамчун идомадиҳандаи ҳадафҳои олии Пешвои миллат дар сафи пеши ҷамъият қарор доранд. Бо дарки баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ онҳо баҳри ватани худ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ ва хушбахтию саодати халқ саъю кӯшиш доранд. Имрӯзҳо дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи миллат 30-солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони ҷавон иқдом гирифтаанд, ки дар рушду ободонии гӯшаҳои диёр саҳми босазо гузоранд. Тавре ҳамагон аз тариқи воситаҳои ахбори омма итилоъ дорем дар шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ аз ҷониби ҷавонони ба ору номуси кишвар иншооту корхонаҳои мухталифи хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, барои даҳщо тан сокинон ҷойҳои корь фароҳам мегарданд.                  

Солеҳов Фаррух, мудири шуъбаи кор бо ҷавон ва занон КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg