БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИЁТИ НОҲИЯВИИ «ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ – ИФТИХОРИ МАН» ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

ПАНҶ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Варзишгоҳ»-и ноҳия дидан намуданд.

Дар натиҷаи аз назаргузаронии шаҳодатномаҳои ҳизбӣ маълум гашт, ки ҳамаи аъзои ташкилот шаҳодатномаҳои ҳизбӣ доранд ва дар онҳо камбудиҳо дида намешавад.

Ҳамчунин аз ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ масъулин дидан намуданд. Ҳаракати аъзои ҳизби ташкилоти мазкур ба танзим дароварда шуда, ҳар моҳ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳисоботҳои оморӣ пешниҳод менамояд. Дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ бошад, баъзе камбудиҳо ҷой доранд, ки оид ба бартараф намудани камбудиҳо ба роҳбари ташкилот дастур дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg