БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНУ НАВРАСОН –ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

БОХТАР. Мулоқоти гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо омӯзгорон ва хонандагону волидони онҳо дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёни умумии №5-и шаҳри Бохтар баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Ҳакимова Волида  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Одиназода Гуландом намояндаи ШВКД дар шаҳри Бохтар, намояндгон аз шуъбаи маориф, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Бояд зикр кард, ки вохӯрии мазкурро Ҳакимова Волида ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавононро таъкид намуда, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва бо техикаву технологияҳои нави замонавӣ таъмин гардидани тамоми соҳаҳои гуногуни кишвар ва хусусан соҳаи маориф, ки яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад, суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми ҷамъомад масъулин, инчунин пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба китобхониву китобдӯстӣ рӯ овардани наврасону ҷавонон ва пурзӯр гардонидани дарсҳои тарбиявӣ аз тарафи омӯзгоронро мавриди муҳокима қарор доданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg