БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОН

БОХТАР. Дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии Коллеҷи тиббии "Даво" бо ҷавонон ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватаншо, Қосимзода Солеҳа раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар Рухшонаи Шералӣ, директори Маркази ҷавонони шаҳр Сафаров Давлатёр, Тошев Қобил раиси ташкилоти ибтидоии “Даво" иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва вазъи зудтағйирёбандаи замони муосир, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар пешорӯи бархурдҳои сиёсӣ ва дар бораи ватандӯстии ҷавонон, ибрози назар карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg