БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- ҲОМИИ ҶАВОНОН

Н.ХУСРАВ.  Кумитаи  иҷроияи Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади  дар  сатҳи  баланд таҷлил  намудани  Рӯзи  чавонони Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  боғи  фарҳанги  ноҳия   дар  ҳамкорӣ  бо  намояндагии ТҶҶ «Созандагонн  Ватан» аксияи  ҳизбии  «Пешвои  миллат- ҳомӣ  ва  роҳнамои  ҷавонон»-ро баргузор  намуданд.    

Масъулин   бо   ҷавонону наврасон  суҳбату  вохӯрӣ ва ҳамоиш   баргузор  намуда,    қайд карданд, ки  ҷавонони  мо  давомдиҳандагони  кору  фаъолияти насли  калонсол, нерӯи  тавоно ва  иқтидори  воқеии пешрафти  ҷомеа  хулоса  ояндаи давлат  мебошанд.    

Пешвои  миллат  ҳамеша  таъкид  менамоянд, ки  дастгирии  ҷавононро  ҳамеша густариш  бахшида, ташаббусҳои  созандаи  онҳоро дастгирӣ  менамоянд. Ҷавонони  мо дар  рушди тамоми соҳаҳои  иқтисодиву  иҷтимоии  кишвар саҳми  бисёр арзишманд гузошта, нақши  онҳо  аз бунёди иншооти  азими мамлакат то хизмати содиқона дар  сафҳои  Кувваҳои  Мусаллаҳ ,ҳифзи  сарҳади  давлатӣ суботу  осоиштагии  мардуми  Тоҷикистон арзанда,  таҳсин ва  боиси  ифтихори  ҳар  яки  мо  мебошад

Дар охир ба  иштирокдорони  ҳамоиш  варақаҳои  таблиғотӣ  таҳти  унвони   «Ҷавонон  -пайрави  Пешвои  миллат» тақдим  карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg