
ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳия Гадоӣ Сайдалиев бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дезинфексия”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва ба ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷати ҳизбӣ вохӯрӣ гузаронид.
Зимни вохӯрӣ ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дезинфексия” санҷида шуд. Ҳуҷҷатгузории ташкилотии ибтидоии ҳизбӣ ба талабот ҷавобгӯй бошад ҳам, нуқсонҳои ҷӯзъи дар ҳуҷҷатгузорӣ мушоҳида гардиданд.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Нуралиев Хуршед вазифадор гардид, ки камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, ба Кумитаи иҷроияи ноҳия ахбороти хаттӣ пешниҳод намояд.