БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ДИЛИ ПУР АЗ МЕҲРУ САДОҚАТ БАҲРИ ОБОДУ ЗЕБО ГАРДОНИДАНИ ИН САРЗАМИН КАМАРИ ҲИММАТ МЕБАНДЕМ

АНДЕША. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021, ки ҳадафи асосии он ободу зебо гардонидани маҳалли зист ва муаррифии шоистаи миллати тоҷик мебошад, дар навбати аввал ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ  ва афзоиши дастранҷи шахсони эҷодкор ва соҳибкору соҳибистеъдоди кишварамон мусоидат хоҳад намуд.

Ҳунарҳои мардумӣ ҳар кадомашон намунаи барҷастаи мероси мддию маънавии халқи тоҷик ба шумор мераванд. Дар маҳсули дасти ҳунармандон, ба хусус занон намунаҳои ороишӣ, рангу бор ва нақшу нигорро дидан мумкин аст, ки ҷанбаи лирикӣ дошта, аз зебоиҳои табиати афсункори кишварамон дарак медиҳанд. Рӯйи матоъ тасвири зебои манзараҳои киршвар, гулу дарахтони мевадиҳандаю сояафкан хеле нозукона гулдӯзӣ гардида, дили ҳар бинанда, бахусус сайёҳонро тасхир менамояд.

Тамошои манзараҳои дилфиреби кишварамон – кӯҳу ҷангалзорҳо, обҳои равони чашмаҳою рудҳои мусаффо, параднаҳои гуногуну ҳайвоноти нодир барои сайёҳони хориҷӣ диққатҷалбкунанда буда, аз табиати бою ғании Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Дар ин замина, бунёди боғҳо, гулгашту хиёбонҳо бештар шинонидани гулу дарахтони ороишӣ агар аз ҷиҳати манбаи асосии тоза нигоҳ доштани боду ҳавои муҳити кору зистамон ба ҳисоб равад, аз ҷиҳати дигар аз хушкору зебоипараст будани мардуми тоҷик дарак медиҳад.  Эҳтироми обҳои равон, нигоҳ доштани онҳо аз ифлосиҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту бофарҳанг буда, муаррифгари мо пеши меҳмонону сайёҳони кишварамон ба ҳисоб меравад.

Месазад дар мустаҳкам кардани донишҳои экологии худ ва беҳтар гардидани вазъи экологии муҳити кору хониш ва зистамон саҳмгузор буда, фарҳанги экологии худро уствор нигоҳ дорем.

Васфи табиат ва зебогиҳои он дар ашъори шоирону адибони гузаштаамон бо дуру сифати маънӣ оламгир гардидааст. Чун ба андешаи соҳибқирони шоирон устод Рӯдакӣ омадани баҳор марди пирро ҷавон гардонад, пас истеъмоли меваю сабзавот, истишмоми ҳавои тоза, дидани ҳунари волои ҳунармандон болои офаридаҳои дастони хеш ба кас қуввату тавоноӣ ва болидарӯҳӣ мебахшад.

Пас биёед мо бо дили пур аз меҳру садоқат баҳри ободу зебо гардонидани ин сарзамин камари ҳиммат бандем. Табиати худро ҳифз намоем, субҳи худро ба зам-замаи ин порчаҳои шеърӣ оғоз намуда, шоми худро ба шукргузорӣ аз Ватани ободу зебо, тинҷу ором истиқбол гирем.

         Эй Ватан, ман садқаи номат шавам,

         Садқаи ҳар субҳу ҳар шомат шавам.

         Сарзамини марди деҳқони асил,

         Садқаи хони пур аз нонат шавам.

         Чаҳ-чаҳи булбул ба гӯшам мерасад,

         Садқаи мурғони хушхонат шавам.

Дилафрӯз Аҳророва, директори Коллеҷи хусусии агросаноатӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg