БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- ПУШТИБОН ВА РОҲНАМОИ МО ҶАВОНОН АСТ

Н. ХУСРАВ.  Кумитаи  иҷроияи Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади  дар  сатҳи  баланд таҷлил  намудани  Рӯзи  чавонони Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №  15  дар  ҳамкорӣ  бо  намояндагии ТҶҶ «Созандагонн  Ватан» аксияи  ҳизбии  «Пешвои  миллат- ҳомӣ  ва  роҳнамои  ҷавонон»-ро  баргузор  намуданд.  Масъулин   бо   ҷавонону наврасони  муассиса  ҳамоиш   ва   мизи  мудаввар  баргузор  намуда,    қайд карданд, ки  ҷавонони  мо  давомдиҳандагони  кору  фаъолияти насли  калонсол, нерӯи  тавоно ва  иқтидории  воқеии пешрафти  ҷомеа  хулоса  ояндаи давлат  мебошанд.  Пешвои  миллат  ҳамеша  таъкид  менамоянд, ки  дастгирии  ҷавононро  ҳамеша густариш  бахшида, ташаббусҳои  созандаи  онҳоро дастгирӣ  менамоянд. Ҷавонони  мо дар  рушди тамоми соҳаҳои  иқтисодиву  иҷтимоии  кишвар саҳми  бисёр арзишманд гузошта,  нақши  онҳо  дар  бунёди иншооти  азими мамлакат то хизмати содиқона дар  сафҳои  Кувваҳои  Мусаллаҳ, ҳифзи  сарҳади  давлатӣ суботу  осоиштагии  мардуми  Тоҷикистон арзандаи  таҳсин ва  боиси  ифтихори  ҳар  яки  мо  мебошад.

Ба  як  гурӯҳ  ҷавонони  фаъол барои дастовардҳои  ҷолиб  ва  хониши  аъло  бо  ифтихорномаҳо  ва  сипосномаҳои  ҳизбӣ  сарфароз  гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg