БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЁРИИ АМАЛИИ ҲИЗБИЁН БА ОСЕБДИДАГОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар асоси дастуру супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ва муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳор гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Обидов  Фозил бо намояндаи Дастгоҳи Марказии ҲХДТ  Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  Зулфиқор Гулаҳмадзода ва кормандони масъули ҳизбии Кумиаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода аз маҳаллаҳои аз офати табиӣ осебдидаи шаҳр дидан намуда, дар бартарафсозии оқибатҳои табиӣ, аз ҷумла 200 метр Сойи маҳаллаи “С.Даминзода” ва хонаҳои истиқоматии маҳаллаи  “Содиқов”-и шаҳр ёрии амалии худро расониданд.

Аз ҷониби ҳозирин гуфта шуд, ки  ҳар як хонаводаи аз офати табиӣ осебдида зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва пайваста аз ҷониби давлату ҳукумат дар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дасгирӣ меёбанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg