
КӮЛОБ. Тибқи нақша -чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" - и назди Кумитаи иҷроия бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” Аксияи хизбӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон” доир гардид.
Аснои баргузории аксия аз ҷониби аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар кӯчаи марказӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонии шаҳр ба сокинон зиёда аз 150 маводи иттилоотӣ тақдим гардид.