БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

А.ҶОМӢ. Мутобиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбӣ, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва якҷоя бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади таҷлили сазовори «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” як қатор чорабиниҳои сиёсию оммавӣ ва фарҳангиро баргузор намуданд.

Бо назардошти ин  дар толори хурди Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҳизбӣ  миёни хонандагони синфҳои болоии ҳамоиш таҳти унвони «Пешвои миллат-ҳомӣ ва роҳнамои ҷавонон» баргузор гардид.

Дар баргузории чорабинии мазкур аъзои фаъол, алалхусус раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муҳаммаддовуд Ҳалимзода ширкат намуда, зимни суханрониашон  қайд кард, ки насли ҷавони кишварамон бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ дар масири ватандорӣ нақши бузург доранд. Ҷавонони мо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg