БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАКИ АШЁИ РӮЗҒОР БА ЗАРАРДИДАГОН АЗ ОФАТИ ТАБИӢ

ВОСЕЪ. Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ба оилаҳое, ки   аз офати табиӣ моҳи майи соли равон зарар дидаанд,  то ин рӯзҳо мунтазам кумаку дастгириҳо расонида мешавад.

Дар баробари соҳибкорон, шахсони саховатпеша, вакилон, роҳбарон ва мутасаддиёни сохторҳои гуногун ба ҳар як хона кумакҳои гуногун дастрас карда шуда истодаанд.

Ахиран аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо созмон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба 16 оилаи  деҳаи Чорводорони ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов ва ба 94 оилаи деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Гулистон дар маҷмӯъ ба 110 оила аз руи 10 номгӯ маводҳои зарурии рӯзгор, аз қабили кӯрпаю кӯрпача, рӯйпуш, белу каланд, зарфҳои обгирӣ, маводҳои антисептикӣ, зарфҳои ошпазӣ кумак  расонида шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg