
БАЛҶУВОН. Аз ҷониби волонтёрони ҳизбӣ ба минтақаҳои осебдида аз офатҳои табиӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи ҳизб ва кумак намудан ба сокинони шаҳри Кӯлоб аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар якҷоягӣ бо волонтёрони ҳизбии назди Кумитаи иҷроия ба шаҳри Кӯлоб рафта, назди корхонаи равғанбарории шаҳри Кӯлобро аз ифлосиҳо тоза намуда, саҳми хешро дар ободии ин макон гузоштанд.
Кумак намудан ба зарардидагону ниёзмандон яке аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ба шумор рафта, мақсаду ҳадафи олии ҲХДТ ин ҳамрайю ҳамеша будан бо мардум аст.