БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ МАНБАИ ҲАСТИСТ!

Об асту ҳаёт пойдор аст,

Об асту замину кишту кор аст.

Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,

Аз ҳастии оби файзбор аст.

АНДЕША. Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти рӯи олам аст. Об захираи бузургест, ки ҳастии он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву покӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Инсон дар тӯли зиндагии хеш обро фаровон истифода мебарад, аз ҷумла барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо ва ғайра. Инчунин, одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро аз як ҷо ба ҷои дигар мекашонад. Аҳамияту бузургиии оби шаршарадор дар он аст, ки трубинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Хуллас, кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.

Инсон бе об зинда буда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсон аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин нигоҳ медорад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.

Мо, мардуми тоҷик аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем ва онро ҳамеша пок нигоҳ дорем. Тибқи маълумотҳо Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби оддию маъданӣ  ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешаванд,ки онҳо натанҳо Тоҷикистон, балки мамлакатҳои ҳамсояи Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калони кишварамон - Амударё ва Сирдарё, ки аз кӯҳҳои осмонбӯси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту ба минтақаи Осиёи Миёна хисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунанд.

Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас мо-шаҳрвандон вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳаш дорем ва нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизаи бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд, ё ягон амали носазоеро нисбати он раво бинад, зеро ки барҳақ фармудаанд:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Набояд фикандан дар он сангу хок.

Умедаи Акрамзода, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg