БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАСНИФИ БАЪЗЕ МАНБАҲОИ ҲУҚУҚИ САЙЁҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Ҳамчун қоидаи умумӣ таснифи манбаҳои ҳуқуқӣ дар аксарияти  соҳаҳои ҳуқуқ аз Конститутсия оғоз мегардад, ки дар заминаи ин анъана мо таснифотро ба амал мебарорем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ташкили ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон набояд хилофи Конститутсия бошанд. Дар мавриди ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё қисмҳои таркибии онҳо меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.

Барои муайян намудани он, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи асосии  ҳуқуқи сайёҳӣ аст,  мо бояд моддаҳоеро ифода намоем, ки бевосита ба доираи сайёҳӣ алоқаманд мебошанд.

Дар моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”.

Мутобиқи моддаи 38 - и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад.

Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббӣ дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ  истифода менамояд.

Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад.

Раҷабализода Ҳокималӣ,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg