БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯТИМОН ПАЙВАСТА ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ҲАМАДОНӢ. Ба муносибати таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ятимони кулл баргузор гардид.

Ғаффорзода Давлатҷон раиси Кумитаи иҷроия ҳангоми баромад, қайд кард, ки ятимони кулл ҳамеша зери ғамхориҳои доимии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар тамоми сафарҳои кориашон Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо аввал аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гашта, ба онҳо кумак мерасонанд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Тағоймуродзода Санифа иштирок карда, вобаста ба ин мавзӯъ суханронӣ кард.

Дар охири мулоқот ба 20 нафар ятимони кулл аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳия ба муносибати таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg