БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

ДӮСТӢ. Бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур  ахбороти муовини роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ оид ба амалисозии нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Мирзосафар шунида шуд.

Инчунин масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуда, аз ҷониби шахсони масъул  қайд гардид, ки тибқи муқаррароти банди 4.19 Оинномаи ҲХДТ, номзадҳо барои интихоб шудан ба вазифаи раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин озод намудани онҳо дар маҷлисҳои Кумитаҳои иҷроия аз ҷониби Раиси ҳизб пешниҳод карда мешавад.

Чи тавре иброз гардид, тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳоди номзад ба мансаби раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Дӯстӣ дар асоси розигии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сурат гирифта, дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия интихоб карда мешавад.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи омӯзиши Раиси муаззами ҳизбамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Қурбонов Аблулҳафизро дастгирӣ намуданд, ки барои интихоб шудан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба Маҷлиси Кумитаи иҷроия пешниҳод карда шуда, аз ҷониби аъзоёни Кумита якдилона дастгирӣ ёфт ва Қурбонов Абдулҳафиз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg