БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ш.ШОҲИН. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон масъулини ҳизбӣ  дар муассисаи таълимии № 1-и ноҳия бо хонандагони синфҳои болоӣ мизи мудаввар доир намуданд.

Дар мизи мудаввар зиёда аз 40 нафар хонандагон ва аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия иштирок варзиданд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи ичроия ва Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо суханони табрикотӣ иштирокчиёнро ба Рӯзи ҷавонон табрик намуда, дар доираи саҳми ҷавонон дар масири давлату давлатсозии навини тоҷикон ва хизматҳои шоёни сарвари ҷавонпарвару сулҳпарвар ибрози андеша намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg