БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН – ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ

Н.ХУСРАВ.  Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Носири  Хусрав   ҷиҳати  иҷрои супоришҳои роҳбарияти болоии  ҳизб вобаста ба афзоиш  додани истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, захираи  кофии  маводи  хӯрока истифодаи  самараноки обу  заминҳои  корам ва наздиҳавлигию президентӣ  дар  асоси дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, масъулини  Кумитаи  иҷроия  ҳамарӯза   дар  деҳот бо  усули  «хона  ба  хона» корҳои  фаҳмондидиҳиро  роҳандозӣ  намуда  истодаанд.

Ин  навбат  намояндагони ҳизбӣ дар  ҳамкорӣ  бо  кормандони мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия дар  ҳудуди  ҷамоатҳои  деҳоти  Истиқлол  ва  Наврӯз  ба хонаҳои  сокинони деҳаҳо ва  заминҳои  хоҷагиҳои  деҳқониро  ташриф оварда, аз ҳолати замини сокинон дида карданд. Зимни боздид аз заминҳои киштшуда бо сокинон мулоқот анҷом дода, дар бораи   вусъати  корҳои  созандагию  ободонӣ   ба  истиқболи сазовори 30-  солагии  Истиқлолияти  давлатӣ,  татбиқии  ҳатмии қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон 

«Дар бораи  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросим дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон», «Дар  бораи   масъулияти  падару  модар  дар таълиму  тарбияи  фарзанд» андешаронӣ карданд.  

Бо назардошти  вазъи  мураккаби  ҷаҳони  имрӯза таъкид  намуданд, ки  захираи  маводи  хӯрокаро  афзун  намоянд то  ин  ки    аз  норасогии  маводи  ғизоӣ  танқисӣ   ва  муҳтоҷӣ  накашад. Заминҳои  наздиҳавлигӣ  ва президентиро  самараноку босифат   истифода  бурда, барои  ду  сол маводи  хӯрокаро  барои аҳли  оилаашон  захира  намоянд.

Сокинон  аз дастгирию   ғамхориҳои Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  руҳбаланд гардида, онҳоро муҳиму  саривақтӣ шуморида,    дар  ҷавоби  ин  ғамхориҳо  кӯшиш  ба  харҷ  медиҳанд, ки дар пешрафту  шукуфоии  мамлакат саҳм  арзандаи  худро  мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg