БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ДАВЛАТИ ҶАВОНУ АЗ ҶАВОНОН АСТ

Н.ХУСРАВ.  Бо  мақсади  дар  сатҳи  баланд  ҷашн  гирифтани  Рӯзи  ҷавонони Тоҷикистон  кормандони  Кумитаи  иҷроия  дар  ҳамкорӣ  бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони  Ватан», волонтёрони ҳизбӣ   Аксияҳои тозагиро баргузор  намуда,   гулгашту атрофи  роҳҳо ва  кӯчаҳои  деҳоти  ноҳияро  аз партовҳо тоза  карда, бехи  дарахтони  ду тарафи   роҳҳоро  мулоим ва  рангшубор намуданд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  зимни суҳбат  ба  ҷавонон  муроҷиат  карда, гуфтанд, ки ҷавонони саодатманди  тоҷик, зодагони  даврони  истиқлол аз  муҳббату  самимияти  Пешвои  миллат пайваста  баҳравар  ҳастанд. Аз  ин  лиҳоз  ҳар як  чавони бедордилу худогоҳро зарур аст  тамоми  кушишу  ғайрати  худро дар  роҳи  созандагиву  бунёдкории  Ватани  азизи  худ  сафарбар  намояд.  Боварии  комил  дорем, ки  насли  ҷавони  кишвар сиёсати  хирадмандонаву дурандешонаи  Пешвои  миллат  пайравӣ  намуда, дар  таҳкими  истиқлолият, пойдории  сулҳу ваҳдат, пешрафту тараққиёти давлат  саҳми  худро  гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg