
ХОВАЛИНГ. Санҷиши ҳолати кор дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ як самти асосии фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ба ҳисоб меравад. Онҳо ҳамарӯза аз ҳолати кор дидан намуда, ба онҳо ёрии методӣ мерасонанд.
Аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроия ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Доробӣ” мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Дар ин рӯз бо қувваи санҷишгарон камбудиҳои дар фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷойдошта, алалхусус дар ҳуҷҷатдорӣ ислоҳ карда шуд.
Ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Фотима Бобохонова супориш дода шуд, ки дар давоми 5 рӯз тамоми камбудиҳои ҷойдошта ва ошкоршударо ислоҳ намояд.