
ДАНҒАРА. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара вобаста ба такроран кишт кардани маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои корам ва наздиҳавлигӣ корҳои таблиғотиро дар ҷамоати деҳоти Пушинг дар деҳаи Пушинг ҷоннок карда, бо сокинони деҳа вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни мулоқот ба сокинони деҳа вобаста ба оқилона истифодабарии замин, қонеъ намудани талаботи бозори дохила, хушсифат баровардани маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳо маслиҳату тавсияҳои судманд дода шуд.