БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

КӮЛОБ. Аз ҷониби муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри  Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз Саймумин бо кормандони соҳаи маориф ҷиҳати  дар амал татабиқ намудани   Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин ҷиҳати таблиғи озмуни ҳизбии "Мо бо шумоем!" вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ Саймуминзода Фирӯз Саймумин қайд намуд, ки  Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” барои беҳдоши ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар мегардонад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳукумати мамлакат азму талош дорад, ки барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии шоистаро муҳайё созад ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафҳо қабул гардида, амалӣ мегардад.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки озмуни ҳизбии "Мо бо шумоем!" дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии кӯдакону наврасони маъюби аз 6 то 18 сола роҳандозӣ гардида, дар ин робита аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни болозикр мусоидат намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg